Новая литература Кыргызстана

Кыргызстандын жаңы адабияты

Посвящается памяти Чынгыза Торекуловича Айтматова
Крупнейшая электронная библиотека произведений отечественных авторов
Представлены произведения, созданные за годы независимости

Главная / Литература на языках народа Кыргызстана, Асарҳо ба забони тоҷикӣ / Литературный конкурс "Золотая табуретка"
© Гулова Дилангез. Ҳаммаи ҳуқуқҳо ҳимоя гардида аст.
Асар соли 2009 дар озмуни ташкил намудаи “Сандалии Тиллоӣ” — и клуби адабии Донишгоҳи Амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ, “Ваҳдати маркази ижтимоӣ” ва китобхонаи электронии “Адабиёти нави Қирғизистон” пешниҳод шуда аст.
Мувофиқи шартҳои озмун, кумитаи ташкилӣ барои чоп иҷозат дода аст.
Нусхабардорӣ, матнҳоро аз нав чоп кардан ё ин, ки пораҳои асарро бо мақсади тижорат кор фармудан манъ карда шуда аст.
Санаи ба сайт жойгиркунонидан: 1 августи соли 2009.

Дилангез ГУЛОВА

Афрўхтани машъали дарунӣ

Ҳикоя дар озмуни эҷодкорони ҷавонони Қирғизистон, ки соли 2009 гузаронида шуда, тақдим гардида аст. Ҳакамон интихоб намудаанд. Оё метавон ҳаммаро як тарз дўст дошт ва эҳтиром гузошт. Чӣ гуна инсон метавонад дар ҳама ҷо худро чун дар хонаи худ ва макони худ эҳсос намояд? Чӣ тур масъалаҳои мубрами оламро ҳал кард? Ба ин масъала дар ҳикоя фикру андешаҳо баён гардидаанд. Дар мисоли дўстии ду духтар: тоҷику ҳинд, ин мавзўъ бароямон ба қадри ҳол боз мегардад. Натиҷаи ҳаммаи бадбахтиҳои мардуми олам, аз он ҷумла мардуми Ҳинд, ки соле ҳазорон танҳо аз гуруснагӣ ва аз бемориҳои сирояткунанда нобуд мегарданд, — ҳамма сабаб дар он аст, ки, таъкид менамояд муаллифи мақола, — мо дар бораи дигарон, онҳое, ки ба мо эҳтиёҷманданд андеша ронданро ёд нагирифтаем. Эҳсоси худхоҳи ва танпарастиамон бар ишқ ва муҳаббат ба дигарон афзунтар гардидааст. Аммо, мо метавонем машъали даруниамонро биафрўзем. Барои он мардумоне, ки дар торикӣ, ҷаҳолат, қаҳтӣ ва гурусгагӣ дар азобанд, чароғи маърифат, дониш ва илми худро биомўзонем. Танҳо барои мо, хосса ҷавонон зарур аст, ки қалбу андешаҳоямонро аз бастагиҳо ба олами заминӣ, моддигароӣ, сарватғундорӣ, ҷоҳу ҷалол ба қадри ҳол барканем. Дастамонро сўи бародарон ва хоҳароне дароз намоем,то ки онҳо дар зиндагӣ пешрафт ва фаъол гардидани онҳо мусоидат намоем.

Дар китоби: Много языков — один мир. Маҷмўаи адабӣ. Бишкек: 2009. — 184 с. чоп гардида аст.

УДК 82\831
    ББК 84 (2) 7
    М 73
    ISBN 978— 9967-25-482-4
    М 4702000000-09

 

Ҳар як инсон вақте ба дунё меояд, бо мурури замон нисбати оламу одам назар ва тасаввуроташ равнақ пайдо мекунад. Орзую омолаш зиёд мегардад. Ман аз кӯдаки нисбати илми ҷуғрофия шавқу ҳаваси хосса доштам. Мехостам бидонам, ки дар рӯи олам чӣ қадар инсонҳо зиндагӣ мекунанд ва фарҳанги онҳо чӣ гуна аст. Вақте ки ман даҳсола будам, падарам рӯзе аз кор баргашта, ба мо аҳли хонаводааш хабар дод, ки ба мамлакати Ҳиндустон ӯро барои се сол ба кор даъват намуданд. Аз рӯи ихтисос падарам пизишк аст. Аз ҳама бештар ман ин хабарро бо шодию хурсандӣ пешвоз гирифтам. Пас аз чанде муддат мо омодагӣ гирифтем ва ба сафари Ҳиндустон раҳсипор шудем.

Ҳиндустон мамлакатест зебо, бо мақбара, биноҳои азимҷусса, ёдгориҳои таърихиаш боиси ҳавас ва ҳайрати мардуми дунё гардидааст. Дар ин мамлакат ҳама чиз дар ду шакли амиқ ба чашм мехурад. Масалан, сарватманду қашшоқ, зебою зишт, баду хубӣ ва ғайра. Сарватманди қудратманд метавонад ҳар чие, ки дилаш хоҳад барои рифоҳ ва фароғати худ муҳайё созад. Аммо мардуми зиёде, ки теъдоди қашшоққони кишвари Ҳиндустонро ташкил медиҳанд, аз оддитарин неъматҳои зиндагӣ маҳруманд. Онҳо дар хиёбон ба дунё меоянд ва дар он ҷо аз олам чашм мепӯшанд. 

Барои ман дидани бачагони гурусна, лоғаре, ки ба як бурда нон зор буданд ва аз субҳ то шом дар кӯчаву хиёбонҳо гадоӣ мекарданд, боиси даҳшат буд. Ман бо назари бачагонаам намефаҳмидам, ки чаро ин қадар одамони бечора, гурусна, ташна, маҳрум аз ҳама чиз. Қисми ками мардум соҳиби ҳама чӣ, рохату фароғат ва идораи кишвар ҳам дар дасти онҳо. Пайваста аз падару модарам савол мекардам, ки чаро ин қадар бачаҳои даҳ— дувоздаҳсола дар назди истгоҳҳои автобус ва роҳравҳои бо ҳар ду дастони ё ду пои бурида нишаста гадоӣ мекунанд. Кӣ дасту пои онҳоро буридааст? Модар бо чашмони пур аз ғам мегуфт, ки гоҳо онҳо дучори фалокат мешаванд, гоҳо мегӯянд, ки худи падару модарон онҳоро ба ин ҳол гирифтор мекунанд. Аз ин хабар вуҷуди ман ба дард омада буд. Чаро! Барои чӣ! Бо исрор аз модар ва падар пурсидам. Волидайн китфонашонро бо тааҷҷуб ҷунбонида гуфтанд, ки шояд ба хотири он, ки раҳму шафқатро дар дили одамон бедор намоянд ва ноне ба назди онҳо гузоранд. 

Ман се соле, ки дар шаҳри Деҳлӣ зиндагӣ кардем ба мактаби миёна ба дарс мерафтам. Бо бачагони мактаб зуд унс гирифтам. Зуд забони англисӣ ва ҳиндиро омӯхтам. Лекин тамоми фикру андеша ва вуҷуди маро бачагони гурусна, побараҳна, ки аз субҳ то шом дар хиёбон гурӯҳ-гурӯҳ мегаштанд ва сӯи меҳмонони шаҳр метохтанд, ба худ мекашид. Чаро онҳо ба мактаб намераванд. Бисёр орзу мекардам, ки ҳамаи онҳоро ба мактаб даъват намоям ва бо кҳмаки ман ҳамаи онҳо мисли ман дарс хонанд, либосҳои тамиз пӯшанд. 

Баъди чанде бо духтаре бо исми Гито ошно шудам. Ӯ дар ҳамсоягии мо зиндагӣ мекард. Мо зуд-зуд дар аснои бозӣ дар кӯча ба сӯи ҳамдигар наздик мешудем ва каме пас аз бозӣ сайругашт мекардем. Барои ман бо ӯ сайругашт кардан хеле гуворо буд. Чун ӯ духтари хеле ботамкин, ором ва хушгап буд. Чашмонаш чунон нарм ва ситорааш гарм буд, ки аз дидани чеҳраи дилкашаш сер намешудам. Ман мехостам бигӯям, ки ӯ хеле-хеле зебо аст. Аммо, ҳис мекардам, ки ҳоло фурсати муносиб фаро нарасидааст. Бинобар ин мехостам, ки дӯстии мо ҳар чӣ зудтар қавӣ гардад ва ман бо роҳат битавонам ба ӯ изҳори дустӣ намоям.

Дар яке аз рӯзҳо ӯ ба ман гуфт, ки забони тоҷикӣ ба ӯ хело маъқул аст Ман ба ӯ гуфтам:

— Мехоҳи омӯзӣ?

Ӯ бо ҳаяҷону шарм гуфт:

— Бале, хело дилам мехоҳад.

Ман аз ин ҳозирҷавобии Гито хело хушҳол гардидам ва аз падар хоҳиш кардам, ки луғати тоҷикӣ ва англисӣ барои мо таҳия намояд. Падар пас аз ду рӯз ин китобро пайдо карда дасти мо дод. Акнун ҳар рӯз мо як— ду соат бо ҳам забономузӣ мекардем. Пас аз се моҳ Гито равону зебо ба забони тоҷикӣ сӯҳбат мекард. Навиштан ва хонданро ҳам пайваста машқ мекард. Барои зуд ёд гирифтани забони тоҷикӣ оилаи мо ҳама ба ӯ кӯмак мерасониданд. Барои он ки оилаи мо: падару модарам низ бо падару модари Гито ба туфайли мо ошно шуданд. Падар ва модари ӯ ҳам устодони донишгоҳ буданд ва салиқа ва бинишашон бо падару модари ман хеле наздик буд. Волидайни Гито низ инсонҳои хеле муаддаб, орому ботамкин буданд. Нигоҳашон хеле ҳалиму мушфиқ буд. Боре аз падарам пурсидам, ки чаро нигоҳи онҳо ин қадар мушфиқу меҳрубон аст. Падар ҷавоб дод, ки ин аз пешрафти олами маънавии онҳост. 

Баъдҳо фаҳмидам, ки аз рӯзи аввали ба дунё омадани тифл дар оилаи хиндустонихо онхоро дарсхои ахлоқу маънавӣ медиҳанд. Онҳоро хеле бо имон ва муаддаб тарбия мекунанд. Бачагон худодӯсттдор, ҳисси дӯстдориву ишқварзиашон бо олами табиат, одамони олам қавӣ мегардад.

Тавассути Гито ман бисёр маълумотҳоро аз таърихи гузаштаи мардуми Ҳиндустон фаҳмидам. Хосса фаҳмидам, ки дар Ҳиндустон мардумони гуногунмаҳаб зиндагӣ мекунанд. Динҳои буддоӣ, масеҳӣ, ислом, кришноӣ, ҷойния, ҳиндуӣ, баҳоӣ ва дигар дилбастагони зиёди худро доранд. Ҳар яке аз ин динҳо маъбад, масҷид ва машриқул-аз кори худро доранд. Бо кӯмаки Гито ба чанде аз маъбадҳои динӣ маро роҳ доданд. Дидани он ҷо хеле барои ман ҷолиб буд. Рангорангии аксу суратҳои худоҳои ба худ хоси ҳар як дин суолоти маро бештару бештар мегардонид. Ба Гито суол мекардам, ки чаро агар худо яктост, инсонҳо ҳоло ҳам ба ашёҳои заминӣ саҷда меоранд. Ӯ мегуфт, ки ин аз бастагихои андешахои заминии инсонҳо шояд бошад.

Ба ғайр аз ин мо ба бинои таърихии Тоҷмахал рафтем. Зебоии қасрҳои боҳашам сайёҳҳони гуногунеро, ки аз мамолики дур омада буданд, тавваҷҷӯҳашонро ба худ кашида буд. Рӯзе Гито маро ба машриқул-аз кори баҳоиён бурд. Ин бино дар шакли гули нилуфар сохта шуда буд. Нӯҳ дар дошт, ки назди ҳар як дар ҳавзи бузурге буд ва аз нӯҳ тараф роҳе баромад ба машриқул-аз кор буд. Ҳар рӯз ба ин ҷо то 35 то 40 ҳазор нафар одам меомадааст ва ҳама маҷҷонӣ буд. Аз аввали вориди машриқул аз кор шудан кафши поямонро баровардем. Гито гуфт, ки ин ҷо ҷои муҷаддас аст. Бояд эҳтиром гузорем. Вақте вориди бино шудем фазои аҷибе дар он ҷо ҳувайдо буд. Дар саҳни бузурги маъбад, сандалиҳои ҷилодор гузошта щуда буд ва шифти бино ба тарафи осмон дар шакли гунбад сохта шуда буд. Дар девори шифти маъбад чароғҳои зиёде буданд, ки бо ранги сохти зебояшон ба атроф шаҳомоти зиёд мебахшиданд. Моро духтаре – роҳбалади намуд ва фаҳмонд, ки мо метавонем намоз ва дуои худро бе овоз бихонем. Ба дигарон халал эҷод накунем. Ӯ хеле меҳрубонона бо садои гарм-нарм ба мо фаҳмонд, ки ин ҷо ҳама намояндагони дину мазҳаб омада метавонанд дуо ва намозгузорӣ намоянд.

Гито дуои хиндуӣ хонд. Муттаассифона ман хеч гуна дуо ва муноҷотеро намедонистам, хомуш боэҳтиромона сарамро хам карда нишастам.

Вакте аз маъбади баҳоиён берун рафтем, дар дили ман эҳсоси наҷиб пайдо шуда буд. Ба ӯ гуфтам, ки чӣ қадар ин ҷо фазои меҳрубон ва ошиқона аст.

Гито фаҳмонд, ки инсонҳо ҳама ниёз доранд, ки онҳоро эҳтиром кунанд, дӯст доранд. Чаро як иддаи хурд бояд боарзиш бошанду қисми дигар на! Аз ин андешаҳои Гито дар дилам меҳру муҳаббат ба одамони дунё зиёдтар гардид. Бо чашмони пур аз ашк ва меҳр дасти Гиторо гирифта гуфтам:

— Агар дар дунё як нафар ҳам мисли ту инсони зебобин, ғамхори инсонҳо бошад, ҷаҳонро мешавад наҷот дод!!

Гито аз таъсири суханҳои ман ба ваҷд омада буд, дилаш пур аз дарди миллати худаш буд, ашкаш шашқатор шуданд. Мо ҳамдигарро ба оғуш гирифтем ва аҳд ба ҳамдигар додем, ки ҳамеша мекӯшем, ки бо рафтору кирдорамон намунаи ибрати бачагони дунё бошем.

Пас аз се соли кори таҷрибавии падарам моро ба шаҳри Бешкек ба кор даъват намуданд. Пас аз Ҳиндустон зиндагӣ дар шаҳри Бешкек оромтару гуворотар буд. Дар шаҳри Бешкек мо забони русӣ ва қирғизиро ба хубӣ омӯхтем. Дӯстони зиёде ин ҷо хам пайдо намудем. Падар ва модари мо – низ аз ин пешомади хуб хушҳоланд.

Танҳо дилу андешаи маро гоҳ-гоҳ фикри тақдири одамони дунё ба худ мекашад. Дар бораи некӣ ва бадӣ, дӯстӣ ва ҷанг, зебоию зиштӣ зиёд андеша меронам. Бо Гито зуд-зуд тавассути телефон ва интернет дар тамос ҳастем. Ҳоло ӯ дар риштаи компьютерӣ мехонад. Ман дар риштаи иқтисод. Аҳд кардем, ки пас аз хатми донишгоҳ мо бо ҳам ба ҷониби Африқои Ҷанубӣ меравем ва барои бачагону мардуми он ҷо кӯмак мерасонем.

Гито мисли ҳамеша орому ботамкин аст. Ҳамеша дуо мехонад Дар сари дуояш барои мардуми на танҳо ҳинд, балки барои пешрафти хар як инсони рӯи замин дуо мекунад. Бо чашми наму дили гарм орзу мекунад, ки дар рӯи замин сулҳу салоҳ танинандоз гардад. Ҳеч гуна ҷангу ҷидол, рақобату ҳамдигарнофаҳмӣ байни инсонҳо набошад. 

Гито ин рӯзҳо хонову равон китобҳоеро аз ашъори шоирону нависандагони адабиёти форсу точик мехонад. Шеърхои тоҷикро бо муҳабббати хосса аз бар карда, тавассути телефон ба ман мехонад. 

Муҳаббати ӯ ба мо тоҷикон тавассути дӯстии мо ва дӯстии падару модарамон зиёд гардида буд. Гито борҳо ба ман таъкид менамояд, ки вазифаи ҳар як бачагону ҷавонон дар он аст, ки аз фарҳангу таърихи мардуми дигар миллатҳо воқиф гарданд. Ҳар чӣ бештар бидонем, мутолиа намоем, дар тамосу сафарҳои сайёҳӣ ба кишварҳои ҳамдигар дощта бошем, муҳаббат ва эҳтиромамон бештар мегардад.

Дар яке аз сӯҳбатҳои телефонӣ Гито щеъри Хайёмро хонд: 

Он кас, ки ба хубон лаби хандон додаст,
    Хуни ҷигаре ба дардмандон додаст.
    Гар қисмати мо надод шодӣ, ғам нест,
    Шодем, ки ғам ҳазор чандон додаст.

Рочеъ ба ду мисраи аввали рубоиёти Хайём мо бо ҳам баҳс намудем ва ба хулосае омадем, ки дардкаш, дардошно ва эҳсоси ғамшарикӣ дигарон будан, бехтарин фазилати ҳар як инсони бедордил аст. Вақте мо бо дарду алам ва масъалаҳои печида ва гиреҳбастаи инсонҳо ошно мегардем ва майлу кӯшиш мекунем, ки ба онҳо кӯмак расонем, ин худ ба онҳо кӯмаки маънавӣ аст. Хосса, агар ҳадафҳои мо самимӣ ҳастанду мо дар ҳақиқат олами инсонҳоро ба сӯи некиҳо, софиҳо ва адолату самимият мекашем, хоҳ нохоҳ онҳо ба он ҷониб ҳаракат мекунанд. 

Ин гуна сӯҳбатҳо бо Гито машъали даруни маро фурӯзон мекунанд. Эҳсоси масъулияти маро нисбати оламу олам бештар меафзоянд. Мо ҳама чун фарзандони як оила, ҳастем. Оламро дар воҳид, яктоӣ мебинем. Набояд байни мо миллатҳои гуногуни олам ҷудоӣ ва бегонагӣ бошад. Ҳамон тур, ки ман бо Гито дӯстони самимӣ ва ҷонӣ гардидем, ҳар кас метавонад чунин нардбони дӯстӣ бисозад. Дустӣ, дарҳақиқат нардбонест, ки моро ба сӯи баландиҳои олами маънавӣ парвоз мебахшад. 

Афрӯхтани машъали дарунӣ боиси он мегардад, ки мо ҳудуди ҳадафҳои худро васеъ гардонидв, ҷаҳонӣ фикр мекунем. Дар он ҳолаӣ ғами мо на ғами танҳо миллати худ, балки ғами мардуми олам мегардад.

Ҳамин тавр ошноии ман бо Гито сабаби он гардид, ки дар симои ӯ ман тамоми инсонҳои рӯи заминро дар асл дӯст доштам. Чун ӯ нақши одамият, самиятро дар зиндагии ман бозид. Ин шеъри шоирро дирӯз ба Гито такдим намудам, ки ба тинату сиришти ӯ муностб аст:

Ҳар кӣ дар ӯ сирати неку бувад,
    Одами аз одамиён ӯ бувад.

 

© Гулова Дилангез. Ҳаммаи ҳуқуқҳо ҳимоя гардида аст

 

(Ба ҳафт забони мардумони Қирғизистон) ворид намудани матни пурраи маҷмўаи адабӣ

 


Количество просмотров: 3365