Главная / Литература на языках народа Кыргызстана, Асарҳо ба забони тоҷикӣ / Литературный конкурс "Золотая табуретка"
Асар соли 2009 дар озмуни ташкил намудаи “Сандалии Тиллоӣ” — и клуби адабии Донишгоҳи Амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ, “Ваҳдати маркази ижтимоӣ” ва китобхонаи электронии “Адабиёти нави Қирғизистон” пешниҳод шуда аст.
Мувофиқи шартҳои озмун, кумитаи ташкилӣ барои чоп иҷозат дода аст.
Нусхабардорӣ, матнҳоро аз нав чоп кардан ё ин, ки пораҳои асарро бо мақсади тижорат кор фармудан манъ карда шуда аст.
Санаи ба сайт жойгиркунонидан: 1 августи соли 2009.
Мо бародарони ҳамхун
Ҳикоя дар озмуни эҷодкорони ҷавонони Қирғизистон, ки соли 2009 гузаронида шуда, тақдим гардида аст. Ё ин ки дар маҷмўа беҳтарин асарҳо ворид шудаанд. Дар ин ҳикоя муаллиф дар ҷумҳурии Қирғизистон аз қадиммуайём зистани миллатҳои гуногун навишта, дар байни онҳо вуҷуд доштани риштаи дўстӣ ва эҳтиром маълумот медиҳад. Аксари ин миллатҳо ба фарҳанги қирғизиён эҳтироми хосса мегузоранд, — менависад муаллиф. Ҳамчунин дар ҷараёни ҷустуҷўи дурдонаҳои маърифату илм ширкат меварзанд. Баъзе афрод ба забони қирғизӣ роҳат сўҳбат мекунанд. Дар ҳикоя дар бораи ҷанги байни қабилаҳои қадимии қирғиз ва қалмиқ ҳикояе тасвир мегардад. Ин ҷанг боиси куштори афроди тарафайн мегардад. Тухми бадбинӣ, нафрат ва адоват кошта мегардад. Аммо, ҷавонони қаҳрамони қирғизи маҳаллӣ муқобили қалмиқҳо ҷангида, пирўз мегарданд ва ҷаҳони оромӣ ва осоишеро барои мардуми Уч — Қўрғон муҳайё месозанд. Дар охир дар бораи аҳамияти дўстӣ, муҳаббат ва эҳтироми халқҳо андешаҳо баён мегардад.
Дар китоби: Много языков — один мир. Маҷмўаи адабӣ. Бишкек: 2009. — 184 с. чоп гардида аст.
УДК 82\831
ББК 84 (2) 7
М 73
ISBN 978— 9967-25-482-4
М 4702000000-09
Фахри он дорам, ки ман фарзанди Уч-Қӯрғонам,
Ташна бар оби зулолу масти он гулзораш ман.
Ман аз он меболам, ки мо — тоҷикони воҳаи Уч-Қӯрғон дар сарзамини қирғизон дар пахлӯи миллатҳои гуногун зиндагӣ мекунем. Дар байни мо ва дигар миллатҳо риштаи дӯстӣ, иттиҳод ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо аст. Урфу одати мо ба ҳам тобиши қаринӣ дошта, фарҳанги ҳамдигарро ғанӣ мегардонем.
Табиист, ки мавзӯи дӯстӣ таваҷҷуҳи ҳар як инсони бедордилро ба худ мекашад. Дар гузаштаи дуру наздик инсонҳои меҳанпараст, мутафаккирон ва башардӯст дар офаридаҳои худ роҷеъ ба мавзӯи дӯстӣ ва башардӯстӣ андеша ронда, ҳамаҷониба ситоиш намудаанд. Масалан, дар асарҳои оламшумули ҷаҳони: «Илиада», «Ромаяна», «Гӯрӯғлӣ», «Кутадгу билим», «Маҳобҳората», достонҳои «Шоҳнома» ва «Манас» мавзӯи дӯстӣ ва ваҳдати миллатҳо ба таври амиқ тараннум ёфтаанд. Дӯстӣ ва бародари чӣ суханҳои зебоянд! Ин ду калима метавонанд оламро дар осоиш ва сулҳ нигоҳ доранд ва наҷоти олам бошанд. Беҳуда бузургон нафармудаанд: «Дӯстиро завол нест». Чун шоири муосир Шарифҷони Уч-Қӯрғонӣ навиштааст:
Мо дӯстонем аз қадим
Бо қирғизон ҳамзамин,
Дар паноҳем мо ҳамон,
Бо қирғизон дар замон
Арӯси Манас Хоникей
Духтари тоҷик чу ҳумой
Айтемиру Ниёз-Саркор
Дар захмати кори тор
Пахлавонони набард,
Дар ҳавзи мулк то абад.
Мо ҳамхуну ҳамдиёр,
Домоду келин бахтиёр
Бо қирғизон аз дилу ҷон,
Ҷиян гӯянд тоҷикон
Тағо гӯянд қирғизон,
Аз як ҷӯ об менӯшем,
Чун нохуну ҳам гӯштем.
Дар замоне, ки дар сарзамин байни миллатҳои мухталиф ишқу муҳаббат, дӯстӣ ва тифоқи ҳукмфармост, бешубҳа бошандагонаш, алалхусус аҳли эҷодкорорро ба илҳом меоварад. Хосса ҳар як халқу халқияте, ки дар ҷумҳурии Қирғизистон зиндагӣ мекунад, метавонад озодона ба забони модариаш эҷод намояд, бинависад ва гуфтугӯ намояд.
Ба ғайр аз ин, шавқу ҳаваси мо доир ба омӯхтани забони қирғизӣ зиёд аст. Дӯстони мо аз байни қирғиззабонон низ мавҷуданд. Дар кишвари мо – Қирғизистон зиёда аз 80 миллату қавм умр ба сар мебаранд. Барои рушду нумӯи фарҳанги ҳар яке аз ин миллатҳо шароитҳои ҳамаҷониба муҳайё гардидааст. Барои исботи фикр ибодатгоҳҳо ва масҷидҳо мавҷуданд, ки намояндагони динҳои гуногун барои саҷда ва намозгузорӣ озодона амал мекунанд. Чунончи дар ин шеър меояд:
Аз қадим имони поку ориятдор тоҷикам,
Дар ҷаҳон бо илму дониш низ тоҷдор тоҷикам.
Рӯдакию Ибни Сино фахру орӣ тоҷиканд,
Ҷомию Фирдавсӣ гӯяд, маърифатдор тоҷикам.
Саъдию Ҳофиз ҷаҳонро лол кард аз азми хеш,
Аз бани одам ғанию парчамдор тоҷикам.
Назми тоҷик аз замонҳо дар Аҷам чун машъал аст
Фахр дорам бо забонам, қадриятдор тоҷикам,
Байни кӯҳу санг омӯхт бобиёнаш маърифат,
Софдилу тӯтӣ гуфтор, номи некзор тоҷикам,
Таърихаш мисле надорад аз қадим то ин маҳал,
Равнақаш оламшумулу сарбондор тоҷикам.
Дӯстӣ, бародарӣ ва сулҳу амонӣ байни инсонҳо аз амсоли обу ҳавост. Бидуни обу ҳаво наметавон зист. Бе барқарории дӯстӣ ва барордарӣ низ миллатҳо наметавонанд дар танҳоӣ равнақ пайдо намоянд. Лаззату шаҳди зиндагӣ низ дар таҳкими дӯстӣ байни миллатҳост. Ҳамон тур, ки шоир фармудааст:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бушумор орад.
Барои тақвияти фикрҳои дар боло қайд шуда, ман мехостам қиссаеро аз ҳаёти деҳаамон бо унвони «Ниёз Саркор» тасвир намоям.
Дар рӯзҳои пурташвишу хатарноки тохту този қалмоқҳо аз баҳодурони тоҷику қирғиз якчанд нафар дар хонаи Ниёз Саркор, ки дар маҳаллаи ҳозираи Тоҷик-қишлоқ буд, ҷамъ омаданд. Онҳо шаби дароз нақшаи аз маҳал дур андохтани гурӯҳҳои ғоратгарро машварат мекарданд. Аз рӯи супориши ин машварат, писари Ниёз Саркор – Охунбуво Саркор аз байни ҷавонони кордида гурӯҳеро ҷамъ намуд. Инчунин қирғизон аз байни аҳли худ ҷавонҳои шучоъро низ интихоб карда, барои зарба задан ба тӯдаҳои ғоратгари қалмоқ омодагӣ диданд. Дар муддати кӯтоҳ зиёда аз 2000 ҷанговарони кордидаву далер барои муҳориба тайёр шуданд.
Ҷавонони Ниёз Саркор ва баҳодурони ҷангдидаи қирғиз бо аспҳои тозӣ, бо яроқу аслиҳа таъмин гардиданд. Сипоҳиёни ҷангӣ тӯдаи қалмоқро дунболгир карда, аз махалҳо пеш карданд ва то ба наздикии Қошғор дур андохтанд. Дар ҳамон ҷо байни тӯдаҳои қалмоқу қасосгирандагон муҳорибаи сахт ба амал омад. Қалмоқҳо сахт шикаст хӯрданд ва пароканда шуданд. Ниёз Саркор қарор дод, ки шабро дар ҳамин ҷо рӯз кунанд. Ҷавонони кордида ҷоеро интихоб намуда, хаймахо заданд, аспхоро баста, бо хӯрока таъмин намуданд. Аз захираҳои худ гирифта тановул намуданд. Дар назди дархо, хаймаҳо ва атрофии корзор посбонҳо гузошта хоб рафтанд. Тӯдаҳои парокандаи қалмоқ шарикони боқимондаи худро кофтуков карда, ҷамъ шуданд ва барои шабохун задан фурсати муносиб меҷустанд. Шаб аз нисф гузашта буд, ки онҳо ба хаймаҳои Ниёз Саркор наздик шуда, аввал посбонони хобидаро аз дами теғ гузарониданд ва ба хаймаҳо зада даромада ҳамаро нобуд намуданд. Ниёз Саркор аз доду фарёди ногаҳонӣ бедор шуда, саросемавор бархоста, ба берун ҷаҳид ва хост, ки ба аспи дар рӯ ба рӯи хаймааш баста савор шавад.
Лекин дар ин муддат яке аз сипоҳиёни қалмоқ бо шамшери тезаш аз пушт ба сари ӯ зарбаи сахте зад. Шамшер сари Ниёз Саркорро дуним кард. Паҳлавони ҷасур ба замин афтод. Дар торикии шаб байни якчанд дақиқа кушокушию гурезогурези ваҳшатнок ба амал омад. Аз гурезаҳои қалмоқу ҷавонони аз гурӯҳи Ниёз Саркор бисёре кушта шуданд. Гурехта ҷон ба саломат бурдагон субҳидам ба майдони ҳарбу зарб ҷамъ омаданд ва мурдаҳоро шинохта, ҷудо карданд. Аз даруни хаймаи Ниёз Саркор ҷасади ба хун оғуштаи Охунбуву Саркорро ҳам ёфтанд. Ҷанговарони зиндамонда мурдаҳоро ба хок супурданд ва ҷасади Ниёз Саркорро ва Охунбуву Саркорро низ ба хок супурда, ба ватан баргаштанд. Якчанд рӯз бо душвории зиёд роҳ тай намуда, ба Уч-Қӯргон расида омаданд. Дӯстони Ниёз Саркор чораи овардани майитҳоро дида, ду чарми булғорӣ дарёфтанд ва ду аспи тозии самандро ҳам лаҷому зин зада, боз ба сӯи Қошғор барои ба Уч-Қӯрғон овардани баҳодурони шаҳид ба роҳ даромаданд. Вақте ки онҳо ба қабристони Ниёз Саркор расиданд, диданд, ки рӯи қабри Ниёз Саркор саги бадҳайбате уллос кашида хобида буд. Ҳарчанд кӯшиданд ӯро аз болои қабр дур кунанд, саг онҳоро намегузошт, ки наздик шаванд. Оқибат яке аз онхо ба саг хитоб карда гуфт: «Эй ҷонвар! Роҳ бидеҳ, ки ҷасадро барем!» саг қадре дуртар рафта, боз ба ҳолати пештара ба замин дароз кашид ва сарашро рӯи пойҳои пешаш монда, чашм аз одамон наканда хоб кард. Аскарон қабрро кушода диданд,ки падару писар оғуштаи ғарки хун хобидаанд. Ҷасадҳоро гирифтанду ҳар кадомро алоҳида ба чарми булғорӣ печонданд ва бо бандҳои чилбур баста, ҳар дуро ба як асп хӯрҷин карда бор карданд. Навкарон аз қабристон каме дур шуданд ва ҳамагӣ боз як бори дигар ба қафо, ба қабристон назар карданд, аҷабо саги уллос кашида истодагӣ, акнун аз назар ғоиб гашта буд.
Ҳамсинфони Ниёз Саркор шабро шаб нагуфта ба Уч-Қӯрғон даромада омаданд. Селаи одамони деҳа, хешу табор ва шахсони наздики Ниёз Саркор бо доду фарёди ҷигарсӯз саворонро пешвоз гирифтанд. Ҷасади ин ду фарзанди ватанпарвари тоҷик, дар қабристони маҳаллаи Тоҷик-қишлоқи деҳаи Уч-Қӯрғон ҳамчун шаҳидон, бо либоси худ ба хок монда шуд. Маросимҳои марҳумонро дӯстони қирғизашон якҷоя, бо хешу таборашон гузарониданд. Баъди як соли фоҷиа, дӯстони ғирғизи Ниёз Саркор бо ҳамсинфонаш боз ҷамъ омада, маслиҳати сохтани мақбараи хотиравии ӯро қарор доданд. Онҳо аз кӯҳистон чӯби арча оварда, таҳкурсии мақбараро аз ҳамин арчаҳо синч бастанд ва хишт рехта аз хишти хом мақбараро бино карданд. Боз маъракаи калон барпо намуда ошу нон доданд, тиловати хатми Қуръон карда баргаштанд. Ин буд ҳикояи «Ниёз Саркор», қиссае буд ғамангез, ҳар боре, ки аз қабристони деҳаам мегузарам, пеши назар қомати баҳодурони ҳамдиёрам намудор мегардад. Хулоса, беҳдудии ҳаёт, ояндаи миллату давлат, осоиштагии ҷамъият пеш аз ҳама ба дӯстӣ, бародарӣ, инсондӯстӣ ва ҳамбастагӣ вобаста аст. Анлешаҳои худро ман ин ин ҷо бо мисраъҳои зерин ба итмом мерасонам:
Бани одам аъзои якдигарнд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
© Фаязидинзода Фируз Меродили. Ҳаммаи ҳуқуқҳо ҳимоя гардида аст
(Ба ҳафт забони мардумони Қирғизистон) ворид намудани матни пурраи маҷмўаи адабӣ
Количество просмотров: 2820 |